Роғун

Кӣ барои нерӯгоҳи «Роғун» чарха месозад?

Банда сохтмони иншооти азими аср — “Роғун”-ро аз ибтидо пайгирӣ мекунам. Медонам, ки чархаи ду агрегати аввали НБО аз Украина оварда шуда буд. Вале феълан ин кишвар дар ҳоли ҷанг аст. Чархаҳои баъдӣ аз куҷо оварда мешаванд?

Саъдулло БОЗОРОВ,

иштирокиии сохтмони НБО “Норак”, собиқадори меҳнат

Ба ин савол Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон посух дод.

Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистон дар масъалаи сохтани чархаҳо барои нерӯгоҳи «Роғун», ки қаблан интизор мерафт, аз Украина оварда шаванд, бо дигар ширкату кишварҳои аврупоӣ гуфтушунид дорад. “Айни ҳол дар гуфтушунид бо як ширкати аврупоӣ натиҷаҳои назаррас ҳосил шудааст, аммо ниҳоӣ нест”,- таъкид кард ӯ.

Шоимзода изҳор дошт, ки тафсилоти бештар дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони «Роғун», ки феълан идома дорад, ироа хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи «Роғун» фаъолият доранд, ки дар корхонаҳои шаҳри Харкови Украина сохта шудаанд.

Як манбаъ хабар дод, ки чархаҳои навбатӣ аз як ширкати австриягӣ харидорӣ хоҳанд шуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *