Ду зоири тоҷик дар Мино вафот кардаанд

Дар айёми будубоши зоирон дар Мино ду зоири тоҷик — Расулов Муҳаммад, сокини 62-солаи шаҳри Исафара ва Тоҷиева Қизларгул, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён вафот кардаанд.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода хабар дода, афзудааст, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд ва маросими ҷанозаи онҳо дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.

Тавре Турахон Шарифзода мегӯяд, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво, азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан муроҷиатҳои онҳо бо беморҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *