Дар Хуҷанд корхонаи коркарди санг фаъол мешавад
Дар ҳудуди МОИ “Суғд” аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» корхонаи коркарди санг бунёд шуда истодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, имрўз раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди ин корхона аз наздик шинос гардидааст.
Гуфта мешавад, ки масоҳати умумии корхона беш аз 1 гектар буда, дар он биноҳои сехҳои истеҳсолӣ, коркарди санг ва маъмурӣ бунёд шуда истодааст.
Сармояи корхонаи коркарди санг аз ҳисоби маблағҳои ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» буда, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 1,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
— Ин корхонаи саноатӣ ояндаи наздик бо истифода аз масолеҳи хоми ватанӣ маҳсулоти гуногун барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хориҷи он истеҳсол менамояд. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Корхонаи коркарди санг тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосир сохта шуда истодааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ