Варзоб: Гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷикашро наҷот доданд (аудио)

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷики ӯро, ки дар куҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб нопадид шуда буданд, пайдо ва амну озод аз куҳи баланд ба замин овардаанд.

Бино ба гуфтаи КҲФ, ин ҳодиса рӯзи 14-уми октябри соли равон рух дода ва ба қисми навбатдории Кумита як нафари дигар аз шаҳрвандони Русия хабар дода буд.

— Баъди дарёфти хабар сардори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ — наҷотдиҳӣ полковник Саидов Зариф бо онҳо шахсан дар тамос шуд ва маконеро, ки дигар наметавонанд аз он поён шаванд, мушаххас кард. Соати 22:30 дақиқаи рӯзи 14-уми октябр дастаи имдодгарони Раёсати ёдшуда ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо карда ва беосеб поин овардаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *