Дар Хуҷанд корхонаи равғанкашӣ месозанд

Дар назар аст, ки дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоту технологияи кишварҳои Чехия ва Туркия корхонаи равғанкашӣ сохта шавад.

Дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки корхона дар ҳудуди минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд дар заминаи ҶДММ «Сирдарё» сохта шуда, барои истеҳсоли равғани растанӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии шабонарӯзии он 50 тонна равған ва ҳамин қадар кунҷоларо ташкил хоҳад кард.

Бино ба зикри роҳбарияти ширкат, “бо мақсади баланд бардоштани сифат ва мониторинги ҳамарӯза дар корхона озмоишгоҳи замонавӣ сохта мешавад, ки дар он бо истифода аз технологияи муосир мутахассисон бехатарӣ ва мутобиқати маҳсулотро ба стандартҳо арзёбӣ мекунанд».

Таъкид гардид, ки баъди ба кор даромадани корхонаи равғанкашӣ 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Вале, дар ҳамин ҳол, манбаъ мушаххас намекунад, ки бакорандозии иншоот кай ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *