Дар Хуҷанд занони ҳунарманд саводнокии молиявӣ меомӯзанд

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила бо занони ҳунарманд, ки дар соли 2021 соҳиби грантҳои Президентӣ, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд шудаанд, мулоқот доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, нахуст чорабиниро мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ ифтитоҳ намуда, бобати нуктаҳои асосии Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб шудани онҳо, арҷгузорӣ ба номи мукаддаси зан-модар, ҳамчунин рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории занон ибрози назар намудааст.

Қайд гардидааст, ки дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон пайваста тадбирҳои зарурӣ андеша истодааст.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ, бо шуғл ва касбомӯзи фаро гирифтани занони хонашин ва бекор, мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода намудани шогирдон, пешниҳоди шакли дурусти ҳуҷҷатҳои молиявӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, директори Фонди қарзи хурди «Имон» Муяссара Пулотова оид ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, ташкил ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ба ҳозирин маълумот додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *