Ҷаримаи ҷавондухтар ва ҳабси маъмурии се корманди қаҳвахонаи «Ню-Йорк»

Як нафар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли навор, ки дар он ҳолати бо садои баланд дашному ҳақорат додани як нафар ҷавондухтар дар вақти шабона инъикос ёфтааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудааст, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, вобаста ба санҷиши ҳолати мазкур зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардидааст, ки ин ҳодиса шаби 31-уми январ ба 1-уми феврали соли ҷорӣ, тақрибан соати 2-и шаб дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, назди қаҳвахонаи «Ню-Йорк» рух додааст. Тавре муайян гардидааст, ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст, шаҳрванд Ибодова Зуҳро Зиёдуллоевна, санаи таваллудаш 13.07.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев мебошад.

— Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки номбурда тахминан соати 2-и шабона ба қаҳвахонаи «Ню-Йорк» барои гирифтани телефони фаромӯшнамудаи бародараш меояд, ки дар ин ҳолат нисбаташ кормандони қаҳвахонаи мазкур дағалона рафтор намуда, ӯро мавриди озору таҳқир қарор медиҳанд. Сипас, дар ҷавоб чуноне, ки дар навор дида мешавад, шаҳрванд Ибодова Зуҳро низ бо суханони таҳқиромез ва бо алфози қабеҳу садои баланд кормандони қаҳвахонаро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, оромии ҷамъиятӣ ва осудаҳолии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст,- меафзояд манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур барои озор ва таҳқиру дашноми ҷавондухтар шаҳрвандон Ярмухаммедов Алиҷон Файзалиевич, санаи таваллудаш 17.10.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маъмур (администратор)-и қаҳвахонаи «Ню Йорк», Кабутов Тоҳирҷон Комилҷонович, санаи таваллудаш 20.11.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк», Кабутов Фаррух Собирҷонович, санаи таваллудаш 15.01.2005, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Болошаҳр, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк» дастгир гардида, нисбати ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода ва бо қарори суд нисбати ҳар се нафар кормандони қаҳвахонаи «Ню-Йорк» ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Инчунин, дар асоси қарори суд нисбати шаҳрванд Ибодова Зуҳро тибқи талаботи ҳамин модда бинобар сабаби дар тарбияташ доштани кӯдаки ноболиғ шартан ҷазои сабуктар дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *