Дар Хуҷанд заводи трансформатор месозанд
Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» боз як корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд мешавад.
Корхонаи нав бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон сохта шуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба роҳ монда мешавад.Ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин корхона аз иқдоми соҳибкорони ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили корхонаро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мегардад.«Хуҷандторгмаш» аз корхонаҳои бузургтарини шаҳри Хуҷанд маҳсуб ёфта, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла чанд навъи таҷҳизоти барқӣ барои ошхона ва таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳ онда мешавад. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар ёздаҳ моҳи соли равон дар корхонаи мазкур ба миқдори 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардида буд.Дар форум намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.Дар анҷоми форум 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.Соли 2018 зиёда аз панҷ маротиба доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштарак гузаронида, дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкориро ба маблағи 845 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои металлургия, энергетика, нафту газ, сохтмонӣ, сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расониданд. Ҳадафи баргузории ҳамоишҳои муштараки соҳибкорони ду ҷониб мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили коргоҳҳои муштарак, инчунин тақвият бахшидани савдои берунаи ҷонибҳо ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ