Назорати муҳити зист бо дрон ба роҳ монда шудааст

Оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон ҳар рӯз ба воситаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ё дрон вазъи зистмуҳитиро дар шаҳри Бишкек мониторинг мекунад.

Ба огаҳии оҷонсӣ, дрон хиёбонҳои марказии шаҳр, тамоми маҳаллаҳо, сохтмону ҳаммомҳо ва ҳудуди бузургтарин корхонаву бозорҳои хусусиро назорат карда, таваққуфҳои ғайриқонунӣ, бандшавии мошинҳо, нақзи қоидаҳои ҳаракат, сӯзондани балони воситаҳои нақлиёт ва мошинҳоеро, ки аз меъёр зиёд ҳаворо ифлос мекунанд, муайян хоҳад кард.

Ҳамаи аксҳои дастгоҳ ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ фиристода мешаванд.

Ташаббускорон бовар доранд, ки дрон ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии Бишкек, ошкор кардани нақзи қоидаҳои ҳаракат, таваққуфҳои ғайриқонунӣ ва пайдо кардани роҳҳалли бандшавии мошинҳо мусоидат хоҳад кард.

Солҳои ахир вазъи зистмуҳитӣ яке аз мушкилиҳои асосии шаҳри Бишкек гаштааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Бишкекро бо ифлостарин шаҳри дунё муқоиса мекунанд. Ҳаракати ҷамъиятии Move Green мегӯяд, ҳавои Бишкек аз меъёр 20 баробар зиёд ифлос аст.

Вале Оҷонси ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон мегӯяд, сатҳи ифлосии ҳаво дар пойтахти ин кишвар аз меъёр зиёд нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *