Дар Қирғизистон тайёра ба замин афтод
Тавре,ки аз Маркази иттилоотии Ҳолатҳои Фавқулооддаи Қирғизистон иттилоъ додаанд, субҳи имрӯз, соати 4,30 бо вақти Маскав дар вақти фуруд омадан ба фурӯдгоҳи Манаси пойтахти Қирғизистон тайёраи ширкати туркӣ ба замин афтод.
Маълум гардид,ки ин тайёраи боркаш буда, аз Гонконг ба ин ҷо парвоз кардааст.То ҳол тақдири сарнишинони он,ки иборат аз ду лётчик ва кормандони техникӣ будаанд, маълум нест. Тайёра ба қисмате.ки дар он ҷо дачаҳо ҷойгир буданд, афтид ва ду хона сӯхта истодаанд. Ҳоло корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ҳоло маълум гардид ки , дар ин садама,ки сабабгори он ҳавои бад будааст, камаш 16 нафар фавтидаанд.
Дар идомаи хабар:
Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар пайи ин садама Фурудгоҳи байналмилалии Манас ба таври муваққатӣ баста шудааст. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки ҳавопаймои навъи Boeing 744 субҳи рӯзи душанбеи 16 январ чанд километр дуртар аз Фурудгоҳи байналмилалии Манас суқут кардааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҳавопаймо аз Гонконг роҳии Истанбул буд ва мехост дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас маводи сӯхт бигирад.
Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Манас гуфтааст, ки ҳавопаймо дар як минтақаи аҳолинишин суқут кардааст ва ҳадди ақал 15 хона ба коми оташ рафтаанд. Талошҳои барои хомӯш кардани оташ, ки бар асари суқути ҳавопаймо ба миён омадааст, идома дорад. Муовини нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқали Абулғозиев ва вазири ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар Қувватбек Боронов ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ