Дилшод Назаров дар Конибодом варзишгоҳ сохт

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки дар ҳудуди варзишгоҳи «Канд»-и шаҳр маҷмааи нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти варзишии мазкурро соҳибкорони маҳаллӣ Дилшод ва Ҷамшед Назаровҳо бо маблағҳои худ бунёд намудаанд.
Ба гуфти манбаъ, дар маҷмааи варзишӣ толори машқҳо, фитнес, майдони футболи хурд, ринги бокс ва майдончаи гуштигирӣ ҷой гирифтааст, ки бешубҳа, дар рушди варзиши шаҳр саҳм мегузорад.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *