Дар Ҳисор корхонаи мошинсозӣ кушода мешавад
Масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва роҳҳои густариши тиҷорати мутақобила дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд зикр кард, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсиси анбори маҳсулоти тайёри корхонаҳои мошинсозии Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Ҳисор ва пешбурди соҳа мубодилаи афкор карданд.
Дар мулоқоти мазкур инчунин масъули бахши иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Полянин Виктор Дмитриевич ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Эраҷ Ҷӯрабекзода, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Лутфулло Сатторов ва сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Ҷамшед Абдуқодирзода ширкат варзиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ