Бурхвалӣ Қурбонов соҳиби медали биринҷӣ гашт

Аз 20 то 23 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Сингапур Олимпиадаи байналмилалии IMSO-2017 баргузор гардид. Дар он 486 нафар  намояндагони зиёда аз 41 давлати дунё иштирок намуданд.

Зикр намудан  бамаврид аст, ки хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе дар ин санҷиши истеъдод фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла  таълимгирандагони  Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” Фаридуни Тоҷиддин ва Бурхвалӣ Қурбонов, ки бо роҳбарии омӯзгори ҷавон Равшан Каримов дар ин олимпиада аз фанни математика ширкат варзиданд, соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Хонандагони Литсейи №1-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе — Бурхвалӣ Қурбонов соҳиби медали биринҷӣ ва Фаридуни Тоҷиддин соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *