Дар Ҳисор зиндаро қариб гӯронида буданд
Холи Ҷаббор, як сокини деҳаи Хоҷасиддиқ тахминан 50-солаи ин деҳа, ки дар фермаи раиси собиқи Ҳисор Маҳмадалӣ Тӯхтаев ба ҳайси ронандаи трактор кор мекард, шоми 28 декабр, ҳангоми бозгашт аз ҷои кор дар гардиши деҳаи Дурбат дар роҳи Раёсати БДА – Турдибобо – Ҳисор зери чархи мошин мондааст.
Ронандае, ки ӯро зер кард, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, вале як ронандаи дигари раҳгузар ӯро дида, ба бемористони шаҳри Ҳисор овардааст. Дар бемористон ба наздикони Холи Ҷаббор гуфтаанд, ки ӯ алакай ҷон додааст.Холи Ҷабборро наздиконаш ба деҳаи Хоҷасиддиқ мебаранд ва барои дафн омода мекунанд. Сокинон мегӯянд, ки дар оромгоҳи деҳа қабрканҳо барои гӯручӯби Холи Ҷаббор қабр ҳам канданд, ки хабар омад, ки ӯ ҳанӯз зинда аст.Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати «Ахбор”, вақте мурдашӯйҳо мехоҳанд пеш аз дафн Холи Ҷабборро бишӯянд, нафаскашии ӯро мешунаванд. Сокини дигари Хоҷасиддиқ гуфт, аз нафас кашидану кор кардани дилаш ва зинда будани Холи Ҷаббор вақте огоҳ шудаанд, ки ӯро алакай кафан карда буданд. Баъди ин, ба гуфтаи вай, кафанро дарронда, Холи Ҷабборро аз даруни кафан берун кашидаанд ва ба бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе бурдаанд.Ҳоло Холи Ҷаббор дар бинои панҷуми бемористони Қарияи боло бистарӣ будааст.Ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, ӯ ҳанӯз дар ҳолати кома қарор дорад, вале худи зинда мондани нафареро, ки табибон алакай хатти вафоташро дода буданду қабраш ҳам канда шуда буд, як мӯъҷиза мешуморанд.Ҳоло наздикон ва ҳамдеҳагони Холи Ҷаббор ҳама барои ӯ даст ба дуо кушодаанд, ки Худованд, ки ин мардро умри дубора дод, шифояш низ бидиҳад.Дар гузашта низ дар Тоҷикистон чандин чунин мавриди қабл аз гӯручӯб дафн зинда будани нафаре, ки ба хок месупурданд, сабт шудааст. Дар бисёр мавридҳо табибон ё наздикон марги клиникиро аз марги биологӣ ташхис дода наметавонанд ва фикр мекунанд, ки беморашон алакай ҷон додааст, вале дубора ба кор даромадани дили бемор ва нафас кашиданаш сабаби наҷоти дубораи ӯ шудааст.Ба қавли Мавлоно Румӣ: Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам…
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ