Даргузашти Бегмурод Маҳмадалиев

Дар охирон рӯзи соли 2018, яке аз собиқ роҳбарони Агентии давлатии обуҳавошиносӣ ва роҳбари намояндагии Бунёди «Наҷоти Арал” дар Тоҷикистон Бегмурод Маҳмадалиев дар синни 53-солагӣ вафот кард. Марҳум 3 марти соли 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯи донишкадаи давлатии обуҳавошиносии шаҳри Одессаи давлати Украина мегардад.Солҳои 1984-86 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ адои хизмат менамояд. Бегмурод Маҳмадалиев соли 1990 донишкадаи Одессаро бо ихтисоси муҳандиси агрометеоролог хатм карда, худи ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар шаҳри Кӯлоб оғоз менамояд. Солҳои 1993-1995 роҳбарии хадамоти маркази обуҳавошиносии вилояти Хатлонро ба зима дошт. Соли 1995 сардори шӯъбаи обуҳавосанҷӣ ва ҳарбии Вазорати ҳифзи табиат таъин мегардад.Соли 1996, Бегмурод Маҳмадалиевро сардори раёсати обуҳавошиносӣ таъин мекунанд. Ӯ беш аз 12 сол то соли 2009 дар вазифаи роҳбари Муассисаи давлатии «Агентии обуҳавошиносӣ” кору фаъолият намудааст.Бегмурод Маҳмадалиев баъди рафтан аз роҳбарии Агентии ҳавошиносӣ то лаҳзаҳои охири умраш роҳбарии намояндагии фонди «Наҷоти арал” дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.Ҳамкорони собиқаш аз ӯ ҳамчун роҳбари кордону ғамхор ёд мекунанд. Бино ба иттилои кормандони «Агентии обуҳавошиносӣ”: маҳз дар давраи роҳбарии Бегмурод Маҳмадалиев ин соҳа бо техникаву таҷҳизотҳои пешрафта муҷаҳҳаз гардид. Чандин истгоҳи ҳавосанҷии аз фаъолият бозмонда бо талошҳои ӯ аз нав фаъол гардиданд. Даҳҳо истгоҳи ҳавосанҷии Тоҷикистон, маҳз дар давраи Маҳмадалиев ба Созмони байналмилалии метеорологӣ шомил шудаанд.Кормандони ин ниҳод мегӯянд, Бегмурод Маҳмадалиев ба бисёр зертобеонаш пайваста дасти кӯмак дароз мекард. Ӯро дар корхона ҳама бо эҳтиром Бег Убайдович мегуфтанд. Шахси босаводу дар кор серталаб буд. Даҳҳо донишҷӯёнеро, ки дар ин соҳа таҳсилу кор мекарданд, дар давраи таҳсилашон бо манзил таъмин кардааст. Садҳо камбизоатонро нон додааст, соҳиби ҷои кор намудааст…Бегмурод Маҳмадалиев солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мекашид. Ҳамкоронаш мегӯянд бо вуҷуди як марди тануманд буданаш, вақтҳои охир хароб шуда буд.Ҷанозаи Бегмурод Маҳмадалиев имрӯз 01.01.19, соати 11 дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *