Дар Истаравшан арӯси 4-моҳа кӯдаки 9-моҳаашро куштани буд (шакли пурра)
Гулсара тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофта, боварӣ дошт, ки ин сири нангин ошкор намешавад, аммо…
Тифл дар ҳоҷатхона
Ҷавонзани 21-солаи истаравшанӣ Гулсара Абдуллоева рӯзи 21-уми феврал, пас аз 3 моҳи тӯй кӯдаки 9-моҳаи ҷинсаш писар таваллуд карда, барои аз чашми ҳамагон пинҳон мондани амали худ тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофт, аммо аҳли оила садои гиряи кӯдакро шунида, ӯро аз марг наҷот доданд. Оид ба ин далел тибқи талаботи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд, аммо бо сабабҳои номаълум парванда қатъ гашт.
Барои фаҳмидани асли ҳодиса ва сабаби қатъ гардидани парванда мо роҳ ҷониби деҳаи Туқузчалаки ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан пеш гирифтем, то ба ҳарду оила аз наздик суҳбат намоем.
Раиси маҳалла чӣ мегӯяд?
Сири тамоми муаммову муноқишаҳои оилавиро аз ҳама беҳтар раиси бино ё раиси маҳалла медонад, аз ҳамин сабаб, қабл аз он ки дари хонаи хусуру хушдоман ё падару модари Гулсараро кӯбем, мо бо раиси маҳалла Маҳмадалӣ Муродов ҳамсуҳбат гаштем. Номбурда дар робита ба ин масъалаи ба қавли худаш “шармандасоз” чунин гуфт:
-Ростӣ, ҳамаи мо ҳайронем, ки чӣ хел як келин дар чор моҳ кӯдаки 9-моҳа зоида, на танҳо обрӯи падару модар ва пайвандони шавҳараш, балки обрӯи тамоми маҳаллаи моро бо хоки сиёҳ яксон намуд. Мегӯянд, ки дар вақти тӯй модари духтар бо ҷодугарӣ ба чашми ҳама хок пошида будааст, вале ростӣ, то куҷо ҳақиқат доштани ин гапҳоро ман намедонам. Шавҳари Гулсара бачаи одӣ не, ҷавони таҳсилдида ва соҳиби маълумотӣ олӣ аст. Наход чунин ҷавони ба қавли мардум “чашмаш кушодагӣ” духтарро аз зани ҳомиладор фарқ накунад?!
—Шумо аз рӯй додани ин ҳодисаи нангин кай хабардор шудед?
—Ҳамон рӯзи наҳс Гулсара писарча таваллуд карда, дарҳол тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона мепартояд, то ки сирраш фош нашавад. Барои он ки аҳли оилаи шавҳараш кӯдак зоидани ӯро нафаҳманд, ин ҷавонзани сангдил ба сӯйи тифлаки дар даруни ахлот хобидааш сангу кулӯх мепартояд. Ҳамин вақт тасодуфан падаршӯяш ӯро дида, чӣ кор карданашро пурсон мешавад. Келинчаки маккора мегӯяд, ки як сагча ё пишакча ба ҳоҷатхона афтидааст, барои ҳамин вай ҷонварро бо санг ва кулӯх зада истодааст, то ки ин қадар овози нохуш бароварда, ҳамаро безобита накунад. Падаршӯяш зуд бо фонарик ҳоҷатхонаи торикро равшан карда, мебинад, ки сагу гурба не, тифлаки навзоде дар даруни ҳоҷатхона дасту почак зада гиря карда истодааст. Мӯйсафед дарҳол ба нозири минтақавӣ занг мезанад. Дар шоҳидии ҳамон нозир тахтаҳои ҳоҷатхонаро канда, тифлакро аз байни ифлосиҳо баровардем. Нозир “мабодо ҷинояткор аз даруни ҳамин оилаи набошад” гӯён, аввал се маротиба ба хубӣ пурсид, ки ин кӯдаки кист, вале келин ба гуноҳаш иқрор нашуд. Дили тамоми одамони дар он ҷо буда ба ҳоли ин тифлаки бегуноҳ месӯхт, вале ҳатто пинаки модари фарзандкуш вайрон нашуда, хунсардона мегуфт:
-Намедонам, ки ин кӯдакро кӣ оварда ба ҳоҷатхонаи мо партофтааст. Ман дар торикӣ надида, овозашро овози кучукча гумон кардам…
Тоқати нозир тоқ шуд ва дилаш ба ҳоли кӯдаки ба хуну ифлосиҳо олудаи дар панҷаи марг қарордошта сӯхту ба рӯи модари сангдил як шаппотӣ зада, саволашро такрор кард:
-Ин кӯдаки кӣ?
Келин дид, ки сираш ошкор шуд, ноилоҷ монда гуфт:
-Кӯдаки ман!
Грипп баҳонаю….
Абӯалӣ Муродов, падаршӯйи Гулсара Абдуллоева он рӯзи наҳсро чунин ба ёд меорад:
-Рӯзи сешанбе, 20-уми феврал келин бо ранги кандагӣ барои худаш ҷогаҳ партофта хоб рафт. Духтарам ба ташвиш афтида гуфт, ки ҳоли янгаам бисёр бад менамояд, биёед духтур ҷеғ занем. Ман ба назди келин даромада пурсидам, ки ӯро ба духтур барем ё духтурро ба хона ҷеғ занем, вале ду пояшро дар як мӯза андохта “ман камтар грипп шудагӣ, як дору хурам, нағз мешавам” гуфт ва илтимос кард, ки духтур ҷеғ назанем. Ҳамин тавр аз пагоҳии рӯзи сешанбе, тахминан аз соатҳои 8:30-и саҳар то рӯзи чоршанбе қариб 30-35 маротиба 5-10 дақиқа пас келин ба ҳоҷатхона даромада мебаромад. Даробарои ӯро дида ба ҳамсарам гуфтам, ки ман мард ҳастам, пурсам айб мешавад, ту хушдоман шуда як бор аз келинат намепурсӣ, ки барои чӣ ин қадар тез-тез ба ҳоҷатхона даромада истодааст. Мабодо духтари мардум ягон касали дигар нашуда бошад?! Ҳамсарам рафта келинро аҳволпурсӣ кард, вале ба хушдоманаш ҳам гуфтааст, ки ман тинҷ, бемалол рафта хоб кунед.
-Мегӯянд, ки тифлро дар ҳоҷатхона аввалин шуда, шумо дидаед?
—Бале, ҳамон саҳар, яъне субҳи рӯзи чоршанбе, 21-уми феврал ба бозор рафтанӣ шуда, хостам аз келин пурсам, ки себ биёрам ё нок, вале дар ҷавоб гуфт, ки дилаш ягон чиз намекашад. Ба бозор рафтан баробар дилам худ аз худ сиёҳ шудан гирифт. Кадом як қувваи ноаёне маро ба сӯйи хона кашида, дилам гувоҳӣ медод, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад. Дуруст харид ҳам накарда ба хона баргаштам. Баробари аз дарвоза даромадан чашмам ба келин афтид. Вай давида аз ҳоҷатхона баромад ва як кулӯхи калонро гирифта, боз тозон ба ҳамон ҷо даромад. Ҳайрон шудам, ки чӣ кор мекарда бошад. Вақте ки боз аз ҳоҷатхона баромада аз замин кулӯх гирифт, чӣ кор карданашро пурсон шудам. Келин бепарвоёна даст афшонда гуфт: “Дар туалет сагча, пишакча ё баррачаи касе афтида, овоз бароварда истодааст. Мурад гуфта бо кулӯх зада истодаам, то ки овоз бароварда ҳамаро безобита накунад.” Исто, дигар сангу кулӯх назан, канӣ бинам, агар баррачаи ягон ҳамсоя афтида бошад, бароварда ба соҳибаш медиҳем гуфтам ман ва дарҳол бо фонарик қаъри ҳоҷатхонаро равшан кардам. Дар даруни ахлот сагча ё гурба не, тифлаки навзоде дасту по зада гиря мекард. Бо дидани ин манзара ҳуш аз сарам парида, аз шиддати тарс чашмонам сиёҳӣ заданд ва ба қафо гашта, хостам ба келин гӯям, ки ин сагу пишакча не, кӯдак будааст, вале аз ӯ ному нишоне наёфтам.
—Кӯдаки келини худатон буданашро чӣ хел фаҳмидед?
—Аввал ману раиси маҳалла ва нозири минтақавӣ ба хубӣ аз келин пурсидем, ки ин кӯдак аз куҷо ва чӣ хел дар ҳоҷатхонаи мо пайдо шуд, вале вай ба гуноҳаш иқрор нашуда, хунсардона гуфт, ки чӣ коре, ки мехоҳед, кардан гиред, ман грипп будам ва чизеро намедонам. Дағалии келин қаҳри нозири минтақавиро овард ва дилаш ба кӯдаки сару рӯяш пур аз хуну ифлосӣ сӯхту келинро як шаппотӣ зад. Аз афташ баъди шаллоқ хӯрдан ақли келин ба сараш зад ва дарк кард, ки инкор кардан дигар фоида надорад. Вай чашмашро гунаҳкорона ба замин дӯхта “кӯдаки ман” гуфту рӯяшро гардонд.
-Шунидем, ки парвандаи дар робита ба ин ҳодиса кушодашударо қатъ кардаанд. Магар келину писаратон бо ҳам оштӣ шуданд?
-Нозири минтақавӣ бо чашми худаш ҳодисаро дида бо гумонбар саволу ҷавоб кард, вале то ҳол ягон сару садое нест. Модари келин дар ҳама ҷо дағдаға карда гаштааст, ки ҳоло истед, духтару набераамро чунон бурда, дар хонаашон ҷо мекунам, ки ҳамаашон қоил мешаванд. Намедонам ин зан бо кӯмаки кадом ҷодугар духтару набераашро ба хонаи мо оварданист, вале ман сад дар сад боварӣ дорам, ки ин кӯдак аз писари мо нест. Худатон андеша кунед, агар фарзанди мо бошад, пас, барои чӣ келин аз ҳама пинҳонӣ фарзандашро дар як ҷойи ифлос ба дунё оварда, тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофта ба сӯяш сангу кулӯх ҳаво додааст, то кӯдак мураду овозашро касе нашунавад?!
Бегзод Муродов:
Духтари бокира ҳам ҳомила мешавад гуфтанд
Ману Гулсара моҳи октябр фотеҳа шудем, камтар пас тӯй шуд. Ростӣ, пеш аз тӯй мо бо ҳамдигар ишқварзӣ мекардем, вале ман ба номуси ӯ даст дароз накарда будам. Як моҳ пеш аз тӯй шикамдард мешавад ва модараш ӯро ба беморхонаи шаҳр, ки он ҷо ким-кадом хешашон кор мекардааст, бурда нишон медиҳад. Гинеколог мегӯяд, ки духтар қариб думоҳа ҳомиладор аст. “Духтари поку ҳалоли маро ҳомиладор гуфтӣ” гӯён, модари Гулсара бо духтур ҷангу хархаша карда ба хона меояд. Ман ба гапи духтурҳои Истаравшан бовар накарда, Гулсараро барои ташхис ба шаҳри Хуҷанд бурдам. Дар он ҷо духтури занона гуфт, ки кӯдак аллакай аз семоҳа зиёд аст. Ба духтур гуфтам, ки ман ба номуси ин духтар даст нарасонидаам, охир чӣ хел вай ҳомиладор шудааст? Духтур дар ҷавоб гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо пардаи бакорат вайрон нашавад ҳам, ҳомиладор шудани духтари бокира имкон дорад. Ростӣ, ба ҳамин гапи духтур бовар карда, бо гумони он ки кӯдак аз худи ман аст, тӯйро тезондам, то Гулсара ва падару модараш дар байни мардум шарманда нашаванд, вале…
-Кӯдак фарзанди худи шумо бошад, пас, чаро ҳамсаратонро аз хона рондед?
-Ростӣ, то даме, ки Гулсара аз ҳама пинҳонӣ кӯдакро таваллуд карда ба ҳоҷатхона партофтааст, ман боварӣ доштам, ки кӯдак аз худи ман аст. Ҳомиладор аст гуфта, ман тамоми нозу нузи занамро мебардоштам. Дар хонаи мо ягон кас пишаки Гулсараро пишт намегуфт. Кӯдак аз ман бошад, барои чӣ вай фаро расидани вақти таваллуд карданашро аз ҳама пинҳон дошта, дар як ҷойи ҳаром тифлашро ба дунё овард ва бераҳмона кӯдаки навзодро ба ҳоҷатхона партофт? Чаро ба падару модарам нагуфт, ки ин кӯдак набераи шумо ва аз хуни худатон аст? Фарзанди ҳардуямон бошад, барои чӣ кӯдакро бо сангу кулӯх зада куштан мехост? Кори пасте, ки Гулсара кард, онро дар ду дунё на Худо мебахшад ва на бандааш. Ман то ҳамон лаҳза тамоми сирру асрори занамро пинҳон доштам, вале баъди ин кори пасти кардааш замину осмон ба ҳамдигар часпанд ҳам, дубора бо Гулсара якҷоя намешавам!
Иномқул Абдуллоев:
Бигзор духтарам ҷазо гирад, агар…
Вақте бо пурсуҷӯҳои зиёд ба хонаи келин расидем, дар як тараф се зан ва дар тарафи дигар ду мард кор мекарданд. Баъди ба ҷо овардани одоби салом пурсидам:
-Хонаи келинчаке, ки кӯдакашро ба ҳоҷатхона партофта буд, куҷост?
Аз байни занҳо духтараки сафедандоме бо шунидани ин сухан якбора мисли моргазида ҷаста аз ҷояш хест ва “ман” гуфту давида рафт.
Барои фаҳмидани назари волидони духтар ба ин ҳодисаи нангин мо сароғоз бо падари Гуландом-Иномқул Абдуллоев ҳамсуҳбат гаштем.
-Ин кори кардаи духтари мо хато аст албатта, аммо домод ҳам чандон бегуноҳ нест. Тоқат карда, баъди тӯй ҳамин корро мекарданд, ягон гап намешуд, вале….
-Ҷавон ва волидонаш боварӣ надоранд, ки кӯдак аз хуни онҳост…?
-Боварӣ надошта бошанд, марҳамат ташхис кунанд. Аллакай номамон ба бадӣ баромад ва дигар ҳоҷати ягон чизро пинҳон карданамон нест. Мо сад дар сад розӣ ҳастем, ки кӯдакро аз ташхиси ДНК гузаронанд. Ташхис ба ҳама гапу хабарҳо хотима бахшида, парда аз рӯйи ҳақиқат мебардорад. Модоме, ки шарманда шудем, бигзор аз ин ҳам бештар шарманда шавем, агар кӯдак аз домод набошад…
Гулбаҳор Муродова:
Касе аз дарамон намедарояд
-Ин духтари беақл, агар аз оғози кор ҳақиқатро мегуфт, кор бо чунин шармандагӣ анҷом намеёфт. Ҳеҷ кас ӯро зада намекушт, мо ҳам инсон ҳастем, пеш аз тӯй ҳамаашро ба падару модари домод мефаҳмондем ва маслиҳат амал мекардем. Бадбахтона духтарамон аз мою домод аз падару модараш сирри ишқбозӣ карданашонро пинҳон дошта, бо ин корашон обрӯи ду авлодро резонданд. Бо касофатии беақлии ин ду ҷавон дар маҳалла мо ба махав табдил ёфтем. Ягон кас дарамонро кушода, чӣ ҳол доштанамонро намепурсад. Фақат хушдомани духтари калониям ба дилпурсӣ омада, моро тасаллӣ дода рафт. Модарам танҳо як маротиба аз дар даромад. вале ба рӯйи кӯдак ҳатто нигоҳ накард. Асабҳоям тамоман хароб шудаанд, бо зарби дорую укол базӯр гашта истодаам. Аз тарси гапи мардум замони дар таваллудхона буданаш ду бор шабона духтарамро хабаргирӣ рафтем. Аз тарси гапи мардум ба рӯзона хабаргирӣ рафтан рӯямон нашуд,-лаб газида мегӯяд модари Гулсара-Гулбаҳор Абдуллоева.
—Шумо модар ҳастед, наход, ки ҳомиладор будани духтаратонро пай набурда бошед?
-Духтарам ҳомила бошад ҳам, сарторик нашуд. Шикамаш дамидагӣ набуд, ки ба дилам ягон шубҳа ё гумони бад биёяд. Мо духтари хона гуфта, бо дили пур ӯро ба шавҳар додем. Пас аз тӯй шавҳараш ҳам ягон бор шиква накард, ки духтаратон нодухтар баромад ё ягон айбу гуноҳ дорад. Аз куҷо медонистем, ки моро шармандагӣ интизор аст…
Гулсара:
Кӯдак рост ба ҳоҷатхона афтид
-Пеш аз тӯй ману Бегзод муносибати наздик доштем. Рӯзе шикамам дард кард ва модарам маро ба беморхона буд. Духтурҳо гуфтанд, ки ҳомиладор аст. Модарам ба ин гап бовар накарда, бо онҳо ҷанҷол кард. Ман ба модарам иқор нашудам, ки бо Бегзод муносибатҳои наздик дорем, вале хабари ҳомиладор шуданамро ба ӯ расондам. Барои аниқ кардан Бегзод маро ба шаҳри Хуҷанд бурд. Духтурҳои хуҷандӣ ба ӯ гуфтанд, ки кӯдак аллакай қариб чормоҳа шудааст, барои ҳамин вай тӯйро тезонд, то ки ҳардуямон дар байни мардум бе обрӯ нашавем.
—Кӯдак аз шавҳаратон бошад, барои чӣ дар ҳоҷатхона партофтед?
—Ман шикамдард шуда, тез-тез ба ҳоҷатхона медаромадам, вале аз бетаҷрибагӣ нафаҳмидам, ки вақти таваллуд карданам фаро расидаву ин дарди зодан аст. Кӯдак аз батнам рост ба даруни ҳоҷатхона афтид.
-Шумо метавонистед хушдоманатонро ба ёрӣ хонед, вале ба ҷойи наҷот додани фарзандатон ба сӯйи кӯдак сангу кулӯх ҳаво додаед, то ки тифл зудтар мурда дигар овоз набарорад. Чаро?
-Сахт тарсидам ва аз тарс худамро гум кардам. Дар он лаҳзаҳо чӣ кор карданамро худам намефаҳмидам.
-Шавҳаратон чӣ мегӯяд?
—Пеш аз рӯй додани ин ҳодиса шавҳарам ҳамеша мегуфт, ки то охир бо ман зиндагӣ мекунад, вале ҳамон рӯзи наҳс, баъди дидани кӯдак якбора дилаш аз ман хунук шуд. Вай ошкоро гуфт, ки аз бе занӣ мурад ҳам, бо чунин модаре, ки бо дасти худаш фарзандашро ба ҳоҷатхона партофтааст, зиндагӣ намекунад.
-Падару модаратон мехоҳанд, ки кӯдакро аз ташхиси ДНК гузаронанд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
-ДНК карданӣ бошанд, бигзор ташхис кунанд, вале ба фикрам аз ин ягон мурод ҳосил намешавад. Падару модараш ба набераи худашон будани кӯдак боварӣ ҳосил карда, маро ба хонаашон баранд ҳам, ба гумон аст, ки баъди ин қадар овозаю ҳангомаҳо Бегзод бо ман зиндагӣ кунад. Ман хато кардам. Хатои тақдирсӯзе, ки онро дигар бо ягон роҳ ислоҳ карда намешавад!
Гулсараро чӣ интизор аст?
Тавре ки қаблан ВАО хабар дода буд, оид ба ин ҳодисаи нангин бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст, вале аз байн ду моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол маълум нест, ки тақдири ин зан чӣ мешавад. Аҷиб, ташхиси пеш аз тӯй чӣ лозим аст, агар он масъалаи барои мо, тоҷикон аз ҳама муҳим-пок будан ё набудани арӯсшавандаро аниқ насозад? Чаро гинеколог “пардаи бакорат вайрон нашуда, ҳомила шудан мумкин аст” гуфта, дигар думболи ин масъала нагашт, ки ин духтар аз кӣ ҳомиладор аст. Кӯдак аз шавҳараш бошад, барои чӣ Гулсара тифлаки бегуноҳи худро ба ҳоҷатхона партофта, ба сараш бо сангу кулӯх задааст, то ки зудтар мурда, дигар овоз набарорад?
Танҳо ташхиси ДНК ба бисёр саволҳое, ки ба ин масъала рабт доранд, ҷавоби аниқ дода метавонад, вале чаро аз байн ду моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол онро нагузарондаанд? Ё демократия гуфта, касе, ки хоҳад, кадом вақте ки хоҳад, таваллуд карда ба куҷое, ки хоҳад, партофтан мегирад?!
Фарзона Муродӣ,
Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ