Трамп: » Русия ва Эрон ба хотири ҳимояташон аз ҳайвони Асад гунаҳкоранд..»

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои русаш Путин, Русия ва Эронро масъули истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия донист.

Трамп дар Твиттер навишт:

«Кушташудаҳои зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон дар Сурия қурбонии ҳамлаи кимиёӣ шуданд. Минтақае, ки ин ҳодиса онҷо рух дод, аз сӯи артиши Сурия муҳосира ва иҳота шудааст. Президент Путин, Русия ва Эрон ба хотири ҳимояташон аз ҳайвони Асад масъул ҳастанд…»

 Трамп гуфт, Асад бояд ҷуброни ин зулмашро пардозад.

Франсиск, попи Рум рӯзи якшанбеи 8 апрел низ ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро маҳкум кард. Вай ҳамзамон аз роҳбарони сиёсиву низомӣ даъват кард, ки «роҳи дигар — роҳи гуфтугӯ — ягона роҳеро, ки метавонад сулҳ эҷод кунад, интихоб намоянд».

Вазорати корҳои хориҷии Туркия ҳам истифодаи силоҳи кимиёиро дар шаҳри Думои Сурия маҳкум намуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи кимиёӣ, бино бар иттилои расонаҳо, то 150 одам қурбон шудааст. Расонаҳои расмии Сурия ин хабарро рад мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро «дурӯғ» номид. Юрий Евтушенко, як генерали рус гуфт, хабари аз сӯи режими Башор Асад истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар Ғутаи Шарқӣ асос надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *