Дар кӯҳистони Сангвор беморхона месозанд (аксҳо)

Рӯзҳои наздик дар деҳаи Миёнадуи ҷамоати Сангвори ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) беморхонаи замонавие ба истифода дода мешавад, ки ба гуфтаи сардухтураш, ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз мебошад.

Рӯзи 12 сентябр аз беморхонаи замонавӣ, ки аз ҳисоби вазорати тандурустӣ дар ҷамоати Сангвори ноҳияи Сангвор сохта истодаанд, дидан кардам. Ин беморхонаи минтақавӣ бо таври замонавӣ сохта шуда, сохтмонаш айни ҳол дар арафаи анҷомёбист.

Сардухтури беморхонаи минтақавии деҳаи Миёнадуи ҷамоати Сангвор Наркаллаев Мамадшариф мегӯяд, ки беморхона дар сатҳи аъло сохта шуда, дорои 20 утоқ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, ЭКГ, УЛТРАСАДО мебошад. Ба гуфтаи сардухтур, ҳуҷраҳои хоби беморон низ ҷавобгӯи меъёрҳои муосир сохта шудаанд.

Сохтмони ин бемористонро ширкати ‘Ғайрат’ ба ӯҳхда дорад. Раҳбари ин ширкат Илҳом Ғайратов мегӯяд, сохтмони бемористон 4 сол боз идома дорад. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки дар рӯзҳои наздик сохтмони ин беморхона ба охир расида, табибон метавонад ба хидматрасонӣ ба беморон оғоз кунанд.

Устои сохтмони беморхона Ғурбатов Ватаншо мегӯяд, ки бинои беморхонаро аз хишти пухта сохтаанд. Ватаншо афзуд, ҳамчун усто кафолат медиҳад, ки ин сохтмон солҳои тӯлонӣ ба мардум хидмат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *