Саидҷалол Саидов чемпиони Фестивал гардид

10 сентябр дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштигирӣ бо иштироки беҳтарин паҳлавонони кишвар баргузор шуд. Паҳлавони номӣ Саидҷалол Саидов дар вазни +80 кг ба  майдон  баромада, бар ҳама ҳарифони худ дастболо гардид ва унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дар вазни мазкур Фирдавс Насимов ва Одил Сафаров ба даст оварданд.

Ҷои аввал дар вазни 80 кг баъд аз ғолибият дар ду даври аввал ва пушти сар намудани боз 5 сабқати дигар дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии бозиҳои миллии варзишӣ насиби Беҳруз Хоҷазода    гардид. Ин маротибаи дуюм аст, ки Беҳруз дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал мегардад. Ду ҷои ифтихории дигарро Акмалиддин Муродов ва Кароматулло Ҳакимов мутаносибан ба даст оварданд.

Дар ду вазни дигар низ рақобатҳои даври нимфиналӣ ва финалӣ  хеле тезу тунд ҷараён гирифтанд. Дар вазни 65 кг Хушқадам Хусравов тавонист ҳама ҳарифони худро   шикаст  диҳад. Дар сабқати финалӣ Хусрав бо Ёқубҷон Боқиев ба майдон баромада, бо бартарии бештар ба гирифтани унвони чемпиони кишвар муваффақ шуд.  Ёқубҷон Боқиев нишони нуқраро ба гардан овехта, Муҳаммадраҳим Сарахонов соҳиби ҷои сеюм гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *