Толеъномаи 13 сентябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Кӯшиш намоед рӯзи худро хуш гузаронед. Оғоз намудани корҳои навро тавсия намедиҳем. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муноқиша накунед ё ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз имконияти хубе ба дастатон меояд. Ба чизе ки сахт эҳтиёҷ доред, дар ҳамин рӯз пайдо карда метавонед. Дар муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор меояд, хусусан нафароне, ки изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, дар ҷавоб суханони пурмуҳаббат мешунаванд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Шартномаву гуфтушунидҳои навро дар ин рӯз ба нақша нагиред. Пайваста бояд нерӯи худро мустаҳкам намоед, зеро қувваи худро бисёр сарф карданатон лозим меояд. Вақти худро хуш гузаронед ва танҳо бо нафароне дар робита шавед, ки ҳамроҳашон худро роҳат эҳсос намоед. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Тамоми фикру зикри худро ба кор равона созед. Вохӯриву гуфтушунид ва зангҳои телефонӣ бобарор анҷом меёбанд. Ба коре, ки боиси ранҷиши шахси дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед. Айни замон шумо хеле нозук ҳастед, аз ин рӯ, ҳама гуна баҳсу мунозира ба муноқишаи давомнок мубаддал мегардад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Нақшаву ниятҳои зиёдатон ҷомаи амал мепушад. Аз ҷониби наздикон кӯмаку дастгирӣ мебинед. Барои рафъ намудани асабоният ва фишори руҳӣ ба машрубот ва шикастани косаву табақ рӯ наоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз қатъӣ амал кардан наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи созгор аст. Агар шумо муҷаррад бошед, ташаббусро ба даст гирифта, ҷасурона изҳори муҳаббат намоед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққати хоса диҳед, ба пурхурӣ роҳ надиҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Айни замон ба зудӣ гирифтори таъсироти манфӣ мегардед, аз ин рӯ дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Аз ширкат варзидан дар муноқишаҳо худдорӣ намоед, беҳуда асаби худро хароб насозед, вазъият ба хости дили шумо мегардад. Ҳар қадаре бепарво бошед, бурд мекунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз чизе наметавонад асаби шуморо харобу хотиратонро мушаваш гардонад. Барои ба мақсад расидан қувваву нерӯятон басандагӣ мекунад. Ҷаласаҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд, вале ба касе қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи ором аст. Корҳои қаблан оғознамудаи худро ба анҷом расонида метавонед. Ҳамзамон барои харидкунӣ рӯзи бобарор аст. Агар имкон дошта бошед, ҳатман барои харидани чизҳои даркориятон равед. Аз ин амал на танҳо худатон, балки табъи аъзоёни оила болида мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи хубест барои барқарор сохтани робита бо шахсони даркорӣ. Ҳар орзуе, ки дар дил доред, ҷомаи амал мепушад. Ба нафароне, ки мошин меронанд, ҳушёр шуданро тавсия медиҳем. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, бештар истироҳат намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз табъатон андаке хира мегардад. Кӯшиш намоед, ки ба фикрҳои мағшуш дода нашавед. Кӯшиши бо машрубот рафъ намудани асабониятро накунед, вагарна кор ба зарари худатон анҷом меёбад. Агар гуфтаҳои болоро риоя намоед, саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона ва нафарони эҷодкор. Дар ҳарду ҷода низ бартарияти худро нишон дода, дар назди атрофиён обруву нуфуз пайдо мекунед. Нафарони муҷарраде, ки дар назди худ мақсад мегузоранд, дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётиро пайдо карда метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *