Дар кишвар нақшаи кишти пахта наздик ба 90% иҷро шуд
Боришоти борону сел ба раванди иҷрои нақшаи кишти пахта дар Тоҷикистон монеа эҷод намекунад. Ба ҳолати имрӯза наздик ба 90%-и нақша иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод дар қаламрави кишвар то имрӯз дар майдони наздик ба 165 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки ин рақам 89-и% нақшаи иҷрошударо ташкил медиҳад. Аз ин омор ҳудуди 108 ҳазор гектар ба вилояти Хатлон, 56 ҳазор гектар ба вилояти Суғд ва наздики ҳазор гектар ба Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ рост меояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон имсол кишти пахтаро дар 186 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст. Соли гузашта ин рақам 176 ҳазор гектарро ташкил медод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ