Дар куҷо нақшаи даъвати наваскарон дар 1 рӯз иҷро шуд?

Вилояти Бадахшон, шаҳри Исфара, манотиқи Рашту ноҳияи Фархор дар як рӯз нақшаи даъвати наваскарон ба қисмҳои ҳарбиро иҷро карда, чорабинии тантанавӣ оростанд. Ҳатто дар Исфара нақша барзиёд иҷро шудааст.

Раиси шаҳри Исфара Баҳовиддин Баҳодурзода зимни суханронӣ таъкид кард, ҷавонон дарк намудаанд, ки Ворух дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз онҳо ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад.

Дар рӯзи сеюми маъракаи даъват ба сафи артиш шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвону Данғара низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом хоҳад кард. Дар ин маъракаи тирамоҳӣ ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Барои назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъват муваззаф гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *