Авбошмӯйсафедон. Боздошти 2 пирамард дар Хуҷанд

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти якбора ду сокини солхӯрдаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қасдан расонидани осеби вазнин ба саломатӣ хабар дод.

Аз ҷумла пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки 25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00 дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо домодаш, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сабабе, ки бо духтараш ҷангу ҷанҷол намудааст, муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапи домодаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Инчунин, марди 66-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба он гумонбар медонанд, ки шаби 21-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳолати мастӣ бо марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, 1 маротиба бо корди хоҷагӣ ба баданаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Ба ин ду пирамарди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 110-и КҶ ҶТ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *