Дар маҳаллаи 82 шаҳри Душанбе «Интернет барои хона» фаъол гардид

Шабакаи ноқилии «Интернет барои хона» аз аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ барои сокинони маҳаллаи 82 шаҳри Душанбе дастрас гардид. Аз ин хизматрасонӣ метавонанд сокинони боз 56 бино ва 2 130 ҳуҷраи пойтахти Тоҷикистон истифода баранд.
Идоракунии «Интернет барои хона» боз ҳам осон гардид: барои роҳати муштариён дар замимаи мобилии MегаФон Life ҳуҷраи корбарии шахсӣ таъсис дода шудааст. Дар ин ҷо шумо метавонед мустақилона тарофаи худро иваз намоед, тавозуни худ ва хабарҳои ҷории марбут ба хизматрасониро бубинед.
Ҳуҷраи шахсӣ ва маълумот дар бораи он, ки чӣ гуна хизматрасониро фаъол намуд, ба наздикӣ ба дигар сокинони Душанбе низ лозим мешавад. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» – нақша дорад, ки минбаъд хизматрасонии «Интернет барои хона»-ро дар маҳаллаҳои №№ 13, 101 ва 102 низ фаъол намояд. Ҳангоми пайдо гардидани имконияти техникии пайвастшавӣ, зарур аст ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоред – хизматрасонӣ дар давоми як шабонарӯз дастрас мегардад.
МегаФон Тоҷикистон инчунин телевизиони интерактивии IPTV-ро инкишоф медиҳад, то ин ки муштарӣ ба контенти баландсифати фароғатӣ – филмҳо, силсилафилмҳо, барномаҳои телевизионӣ дастрасӣ пайдо намояд.
«Ҳоло мо дар самти муккамалгардонии IPTV худ кор бурда истодаем ва ба наздикӣ таҷҳизоти нав ва қулайро ба андозаи баробар ба воситаи нигоҳдории USB-флеш пешниҳод хоҳем кард. Онро танҳо ба телевизор пайваст намудан кофӣ мебошад, васлаки алоҳида зарур намегардад. Бо IPTV муштариёнро контенти боз ҳам зиёдтар интизор аст, инчунин тамоми имкониятҳои Android TV дастрас мегарданд», – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон ҒАНИЕВ.
Ҳангоми интихоби тарофа, муштариёни нав метавонанд ба арзиш ва суръати зарурии пайвастшавӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Яке аз вариантҳои муфид ин силсилаи «Муттаҳид намо» мебошад, ки аввалин шуда дар бозори Тоҷикистон имкон дод интернети мобилӣ ва ноқилиро пайваст намояд. «Муттаҳид намо»-ро мумкин аст якҷоя бо бастаҳои «Дар тамос» ё «Аз ту оғоз мегардад» пайваст намоед ва аз ду тарофа истифода кунед – пардохти хизматрасониҳои мобилӣ ва собит дар як вақт соқит карда мешавад. Дар баробари ин «Интернет барои хона» нисбат ба пайвасткунии алоҳида арзонтар хоҳад буд. Дар айни замон силсила се тарофаро дар бар мегирад, ки бо суръати пайвастшавӣ аз ҳамдигар фарқ менамоянд: «Муттаҳид намо 3 Мбит/с», «Муттаҳид намо 5 Мбит/с» ва «Муттаҳид намо 10 Мбит/с».
Маълумоти муфассалтар дар бораи интернети хонагӣ ва тарофаҳоро аз сомонаи ширкат дастрас намудан мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *