Теъдоди кӯдакони кушташуда дар Ғазза аз 3000 гузашт

Теъдоди кӯдакони кушташуда дар Ғазза дар се ҳафта аз шумори кушташуда дар ҷангҳои ҷаҳон дар як сол бештар аст.

Теъдоди кӯдакони кушташуда дар навори Ғазза дар тӯли се ҳафтаи ҷанг 3195 нафар будааст, хабар медиҳад созмони байналмилалии хайрияи Save the Children. Ин бештар аз теъдоди кӯдаконе, ки дар ҷангҳои ҷаҳон дар як соли байни солҳои 2019 ва 2022 кушта шудаанд. Сухан дар бораи задухурдхои мусаллахона дар зиёда аз 20 мамлакат меравад.

33 кӯдаки дигар дар соҳили Ғарб, 29 кӯдак дар Исроил кушта шуданд. Теъдоди умумии фавтидагон 3195 кӯдакро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки ин теъдод афзоиш ёбад, зеро ҳудуди 1000 кӯдак дар Ғазза бедарак боқӣ мондаанд.

Наҷоти кӯдакон мегӯяд, тибқи гузоришҳои Дабири кулли СММ дар бораи кӯдакон ва даргириҳои мусаллаҳона, дар соли 2022 дар 24 кишвари ҷаҳон 2985 кӯдак, дар соли 2021 2515 ва дар соли 2020 2674 кӯдак дар 22 кишвар кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *