Дар маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” консерти ройгон баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар назар аст, ки маросими тантанавии ифтитоҳ 8-уми сентябр доир гардида, сипас бо иштироки гуруҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ намоиш дода мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, рӯзи 9-уми сентябр соати 18:00 дар маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” барои сокинон ва меҳмонони шаҳр консерти идона доир мегардад. Даромадан ба тамошои консерт ройгон аст.

Маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” дар маркази пойтахт, паҳлуи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷойгир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *