Нигаронӣ аз афзоиши талоқ дар шаҳри Бохтар

Дар ҳафт моҳи соли равон дар шаҳри Бохтар 93 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҷудошавии оилаҳо 91 ҳолатро ташкил медод.

Ҳуронбӣ Мирсайзода, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз ҷамъи умумии 93 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 83 ҳолат бо қарори суд ва 10 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони ноболиғ надоранд, бекор карда шудааст. Ӯ мегӯяд, ки бекор кардани ақди никоҳ соли гузашта дар умум 91 ҳолат буд.

— Аз ҷамъи умумии бекоршавии ақди никоҳ дар 66 ҳолат оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, ки синнашон аз 35-сола поён аст,- афзуд вай.

Ба таъкиди вай, мутаассифона, аз сабаби ҷудошавии оилаҳо кам не, 131 кӯдак дар тарбияи яке аз волидонанд, ки ин ба ҳолати руҳии онҳо бетаъсир намемонад.

— Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо бефарзандӣ, якдигарнофаҳмӣ ва дахолати шахси севвум аст. Аммо дар ҳафт моҳ мо бо баргузории суҳбату вохӯриҳо як оиларо аз ҷудошавӣ нигоҳ доштем,- зикр намуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *