Дар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид масъалаи Байтулмуқаддасро ҳал мекунанд
Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21 декабр дар як нишасти камназири изтирорӣ дархости кишварҳои Арабро дар робита ба қарори Доналд Трампро, ки Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард, баррасӣ мекунад.
Намояндаи Фаластиниҳо дар СММ Риёд Мансур гуфт, ки 193 кишвари узви Маҷмаи кулл ба қатъномае овоз хоҳанд дод, ки президент Трампро ба бозхондани қарораш даъват мекунад. Рӯзи 19 декабр Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба қатъномаи монанд ба ин дар нишасти Шӯрои амнияти СММ вето гузошт.
Мансур изҳори умед кард, ки қатънома аз «пуштибонии фарогир» бархурдор мешавад. Ҳарчанд ин овоздиҳӣ вазни сиёсӣ дорад, аммо иҷрои он ҳатмӣ нест.
Намояндаи ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Ники Ҳейлӣ дар твиттер ҳушдор дод, ки ИМА онҳорое, ки ба гуфтаи ӯ бар хилофи интихоби мардуми Амрико оиди Байтулмуқаддас овоз медиҳанд, дар хотир хоҳад дошт.
«Рӯзи панҷшанбе райдиҳии танқиди интихоби мо баргузор мешавад»,- гуфт Ҳейлӣ ва афзӯд, «Амрико ин номҳоро фаромуш намекунад».
Маҷмаи кулли СММ дар ҳоле даъват мешавад, ки агар Шӯрои амният масъаларо ҳал карда натавонад. Аммо то ҳол танҳо 10 чунин ҷаласа даъват шудааст.
Бори охир нишасти Маҷмаи кулл соли 2009, баъди ишғоли қисмати шарқии Байтулмуқаддас ва қаламрави Фаластиниҳо баргузор шуд. Нишасти рӯзи 21 декабр аз саргирии ҳамон ҷаласа хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ