Дугоники фиребгар ба даст афтод

Додгоҳи ноҳияи Озинкаи влояти Саратов як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми убури марзи Русия бо шиносномаи бародари дугоникаш 10 ҳазор рубл ҷарима баст.

Ин ҷавони тоҷик рӯзи 11 ноябр дар гузаргоҳи озинка дар марзи қазоқистон бо русия аз ҷониби ФСБ вақте дастгир шуд, ки мехост бо шиносномаи бародараш вориди Русия шавад.

Додситонии вилояти Саратов мегӯяд, ки додгоҳ ин ҷавонро дар убури ғайриқонунии марзи Русия бидуни асноди қонунӣ ва талоши дидаву дониста гӯл задани марзбонони ин кишвар гунаҳкор шинохт ва 10 ҳазор рубл ҷарима баст. Сабаби аз шиносномаи бародараш истифода бурдани ин ҷавон дар гузориши додситонии Саратов гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *