Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оташбас эълон шуд

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эълон шудани оташбас дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабар дод.

— 16-уми сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ Ташиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шуруъ аз соати 14:30-и ҳамин рӯз оташбас эълон карда мешавад. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва таъмини риояи талаботи санади оташбас аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии ду кишвар гуруҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Айни ҳол вазъият дар хати сарҳад нисбатан ором мебошад,- иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҷониби ҚС КДАМ ҶТ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *