Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров низоъ дар марзро баррасӣ карданд

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ дар марзро баррасӣ карданд.

Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти Президенти Қирғизистон хабар додааст, ки «роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ба сохторҳои марбут дар робита ба оташбас, хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизоти низомӣ аз хатти даргирӣ, дастур диҳанд».

Дар асоси тавофуқнома, раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар ҷойи ҳодиса (минтақаи муноқиша) кор хоҳанд кард, барои таҳқиқи шароит ва сабабҳои ҳодиса комиссия таъсис дода мешавад.

«Ҳамчунин дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тавофуқ ҳосил шуд», — менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии «Равод» гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шудаанд.

Ба  Pressa.tj як манбаъ аз мақомоти вилояти Суғд хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчинбек Ташиев, раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Ҳамзамон, дар мулоқот вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғд ва вилояти Ботканди ширкат варзиданд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *