Дар масҷиди Кӯлоб «Ҳазору як шаб» ҳам мехонанд

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб, дар гӯшае аз масҷид китобхона боз кардааст. Ӯ рӯзи 8-уми декабр гуфт, бо таъсиси китобхона мехоҳад, ҷомеаро ба мутолиа ташвиқ кунад. Дар баробари китобҳои динӣ, рафҳои китобхонаро адабиёти дунявӣ низ оро медиҳанд. Ҳоло ӯ аз намозгузорони масҷид даъват мекунад, ки аз китобхона дидан кунанд. “Ҳадаф аз таъсиси китобхона ин аст, ки масҷид маркази маърифат ва таълиму тарбия бошад,” – гуфт Мулло Ҳайдар Шарифзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Дар ҳоли ҳозир дар китобхонаи Масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ҳудуди ҳазор китоб гузоштаанд. Бо вуҷуди ташвиқҳои зиёд, сафи китобхонҳо дар масҷид чандон зиёд нест, аммо Мулло Ҳайдар Шарифзода бовар дорад, онҳо метавонанд, шумораи китобхонҳоро бештар кунанд. Китобхонҳо дар китобхонаи масҷид бештар калонсолон ҳастанд. Азизхӯҷа Бобоев, маъмури пешини пулис ва ҳоло нафақахӯр, мегӯяд, то кунун дар китобхонаи масҷид «Ҳазору як шаб» ва низ осори Аҳмади Дониш, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуровро хондааст. Масҷиди марказии шаҳри Кӯлобро солҳои 1990-и асри гузашта Мулло Ҳайдар Шарифзода ташкил карда буд. озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *