Тоҷикони қочоқчӣ дар марзи Латвия ба даст афтоданд

Телеграм-канали хадамоти муштараки матбуоти судии вилояти Пскови Русия рӯзи 3 декабр хабар дод, ки суди ноҳияи Себежи ин вилоят парвандаи ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба қочоқи маблағи хеле бузурги пули нақд (114 ҳазор доллар) аз тарафи гуруҳи афрод бо маслиҳати пешакӣ айбдор мешавад, барои баррасӣ қабул кардааст. Ба ин ду тоҷик бар асоси қисми дуюми моддаи 200.1 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 10 то 15 маротиба бештар аз маблағи қочоқии аз дасти онҳо гирифташуда (яъне аз 1,1 то 1,6 миллион доллар) ваё маҳдуд кардани озодӣ ё корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то 4 сол таҳдид мекунад. Бино ба фарзияи мақомоти тафтишотӣ, моҳи майи соли 2021 ин ду шаҳрванди Тоҷикистон мехостанд тавассути гузаргоҳи Бурачки дар даруни мошини “Мерседес” 114 ҳазору 10 долларро ғайриқонунӣ аз марзи ЕвразЭС гузаронанд, вале ба даст афтоданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *