Духтурони тоҷикро туркҳо таълим медиҳанд

Туркия барои омода кардани мутахассисони тоҷик дар бахшҳои мухталифи беҳдошт кумак хоҳад кард.

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар мулоқот бо Эмре Зеки, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Ҳамин тариқ, мутахассисони соҳаи ҷарроҳии эндоскопӣ, вирусология, микробиология ва эпидемиология метавонанд дар муассисаҳои олии тиббии Туркия таҳсил кунанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи табодули таҷрибаи табибони тоҷику турк дар соҳаи тиб ба мувофиқа расиданд. Абдуллозода ва Зекӣ ба мувофиқа кардаанд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва густариши дастгирӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба имзо расидани созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои давраи пандемия дар назар аст. Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар чаҳорчӯби созишномаҳои соҳавӣ соли 1996 оғоз гардида, феълан бомуваффақият рушд мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *