Дар Мянмар мусалмонони роҳинҷа аз Интернет маҳрум шуданд

Мақомоти Мянмар иёлоти Ракҳайнро, ки умдатан мусалмонони роҳинҷа зиндагӣ мекунанд, аз шабакаи ҷаҳонии Интернет маҳрум сохтанд.

Мақомоти Мянмар иёлоти Ракҳайнро, ки умдатан мусалмонони роҳинҷа зиндагӣ мекунанд, аз шабакаи ҷаҳонии Интернет маҳрум сохтанд.

Аҳолии ин иёлот ин амалро поймол шудани ҳуқуқи онҳо барои дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати алоқаи Мянмар гуфтааст, ки “танҳо дар сурати барқарор шудани сулҳу тартибот” маҳдудият барои дастрасӣ ба Интернетро лағв хоҳад кард.

Сокинони ин иёлот солҳои тӯлонӣ алайҳи неруҳои ҳукуматӣ дар ҳоли ҷанг қарор доранд. Дар пайи истисмор ва таъқиби мусалмонон дар иёлоти Ракҳайн беш аз 750 ҳазор мусалмони роҳинҷа ба Бангладеш паноҳ бурданд. СММ таъқиби мусалмононро наслкушӣ унвон кард.

Созмони Милал мегӯяд, ки қарори маҳдудият дар роҳи дастрасӣ ба Интернет аз ҷониби Аун Сан Су Ҷӣ, раиси ҳукумати Мянмар ва барандаи Мукофоти Нобелӣ қабул шудааст. СММ гуфтааст, қатъи Интернет як роҳи пинҳон сохтани “дағалона вайрон шудани ҳуқуқи мусалмонони роҳинҷа дар Мянмар” ҳисоб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *