Душанбе: Ҷавон духтари 21-соларо бо корд зада кушт

Дар натиҷа ҷавондухтар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҷавони 25-сола дар шаҳри Душанбе бо ҷавондухтари 21-сола муноқиша карда, ҷавондухтарро бо корд ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Тавре манбаъ зикр мекунад, номбурда, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавондухтари 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати поёни шикамаш задааст.
“Дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, -омадааст дар иттилоия.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *