Дар назди СММ боз як ниҳоди нави Тоҷикистон таъсис меёбад
Дар назди Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъсис меёбад.
Дар ин бора имрӯз, 12 январ фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Дар фармон чунин омадааст:
1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва басти вазифавии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) — ро тасдиқ намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ