Тоҷикҳои ДИИШ. Онҳо чӣ тавр ба Аврупо роҳ ёфтанд?

“Bild”. Матбуоти Олмону Австрия дар рӯзҳои охир дар бораи сели боздоштҳои аъзои ДОИШ, ки, мутаассифона, аксарашон зодагони Тоҷикистонанд, хабар медиҳанд.

Журналистони немис дар пайи ин сели боздоштҳо суолеро матраҳ мекунанд, ки ин қадар ҷангҷӯи исломгарои зодаи Тоҷикистон дар Олмон аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд?

Рӯзномаи “Bild” бо такя ба манобеаш дар мақомоти амниятӣ ва пулиси Олмон хабар дод, ки аксари ин ифротгароёни зодаи Тоҷикистон дар ҷомаи гурезаҳои ҷанги Украина ба Олмон омадаанд. Бино ба маълумоти дарёфтии “Bild”, ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ барои вуруд ба Олмону кишварҳои дигари Аврупо аз санадҳои қалбакӣ истифода бурда, дар инҷо бо шикоят аз ин ки дар кишварҳои худ таҳти фишору таъқиб қарор доранд, хеле ба осонӣ ва бидуни пурсуҷӯи зиёд ҳаққи будубош пайдо мекунанд.

Манбаъ менависад, ки ки баъди торумор шудани ДИИШ дар Сурияву Ироқ, аксари ҷангҷӯёнаш рӯ ба фирор оварданд. Дар аввал як қисми онҳо ба Русия, ки дар вақташ аз ҳамин ҷо ба Ховари Миёна рафта буданд, баргаштанд. Вале баъди боздошту истирдоди нахустин ҳамсангаронашон дар Русия, ҷангҷӯёни фирории ДИИШ дар ҷустуҷӯи макони амнтар рӯ ба Украина оварданд. Аввалан ба ин далел, ки Украина бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ виза ҷорӣ накардааст. Сониян, Киев қариб ҳеҷ гоҳ афроди таҳти ҷустуҷӯро ба ин кишварҳо таслим намекард. Баъди онки моҳи феврали соли 2022 Русия ба Украина ҳамла кард ва кишварҳои Аврупо фавҷ фавҷ гурезаҳо аз Украинаро қабул карданд, доишиҳои дар Украина паноҳбурда низ аз ин фурсат истифода бурда, худро ба Аврупо заданд ва тавонистанд ба осонӣ дар кишварҳои ин қора паноҳ бубаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *