Дирӯз бо даъвати яке аз дӯстон ба маҷмааи навбунёди «Маркази ош» ба ошхӯрӣ рафтем… Ҳарчанд барвақттар аз вақти наҳор омада будем, вале дар таваққуфгоҳи мошинҳо барои мошинамон бо азобе ҷой ёфтем…

Дар дохили Марказ низ дар ошёнаи дуюм бо душворӣ ҷой пайдо кардем…

Хизматрасонӣ, сервис ва сифати ош хуб буд… Мавҷи муштариёни ош лаҳза ба лаҳза афзун мегашт.

Аз пилаҳои ошёнаи дуюм бо фавҷи толибони оши палов китфзанон поён фаромада, дар таваққуфгоҳи мошинҳо барои берун баровардани мошинамон дақиқаҳои зиёд мунтазир мондем… Ниҳоят бо кумаки муназзимони таваққуфгоҳ ба роҳи канори марказ баромада, дар он ҷо ба тамбаи шадидтар рӯ ба рӯ шудем. Бештар аз ним соат сипарӣ шуд, то ба роҳи калон бароем…

Ба худ андешидам, ки агар чунин теъдоди бузурги муштариёни ғизои тан рӯзе ба дарёфти ғизои руҳ руҷуъ кунанду ба тамошои намоишҳои театр майл намоянд, пас аҳволи хадамоти Театри тоҷик чӣ мешуда бошад?! Охир дар атрофи ягон театри пойтахт майдони фарроху таваққуфгоҳи мошинҳо вуҷуд надорад. Ғунҷоиши толори театрҳо бошад, аз 300-400 ҷой бештар нест (ба истиснои Театри опера ва балет)…

Пас ҳаводорони санъат ва ҳунари касбии театриро мебояд, ки то анҷом ёфтани сохтмони бинои Театри миллӣ сабр пеша кунанд, зеро дар се толори он 3000, 1800 ва 800 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудаааст.

Шояд то рӯзи ба истифода дода шудани бинои Театри миллӣ, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, муҳиту фазои ҷомеаи мо театрӣ мешавад…

Бобои бузургворамон Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мегӯянд:

Эй бандагони тан, ба тамошои ҷон равед,

К-охир Расул гуфт: » Тамошо муборак аст!».

Ортиқи Қодир,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *