Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 35-солагии Истиқлолият шоиста таҷлил мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 203 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар шаш моҳи аввали сол 13 иншоот ба истифода дода шудааст.
Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки “дар панҷ соли оянда мо бунёду баистифодадиҳии 203 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифтаем”. Ӯ мегӯяд, танҳо дар соли равон дар назар аст, ки 17 иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
— Дар шаш моҳ 13 иншоотро ба истифода додем, ки 76 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Аз ин 7 ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошад. Корхонаи истеҳсоли қоғази ташноб, равғану собун ва корхонаи коркарди пахта ба истифода додем. Мутаассифона, дар ноҳия чор корхона бо сабаби надоштани шароити молиявӣ наздики 10 сол мешавад, ки фаъолият намекунанд. Яке аз онҳо қарз аз андозро пардохт кард ва имсол дар назар аст, ки ба фаъолият оғоз кунад,- афзуд ӯ.
Сафармаҳмад Раҳимзода мегӯяд, ки “дар доираи эълон шудани панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон, мо ба масъалаи бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаем”.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ