Ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Қуния меравад

А 9 то 18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад, ки дар он иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 57 кишвари узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст.

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ ҳайати олимпии Тоҷикистонро иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш (варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпарронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рўи миз, таэквандо, волейбол, варзиши вазнин, куштии варзишӣ ва камонварии анъанавӣ) ворид шудаанд. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рўи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд гузаронида мешаванд.

Варзишгарони мо дар ҳашт намуди варзиш (варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рўи миз, таэквондо, варзиши вазнин ва куштии варзишӣ) ширкат мекунанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба доир мегардад. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо (WT) дар вазни то 54 кило медали нуқра ба даст оварданд.

4 медали дигарро варзишгарони мо дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, дар варзишҳои зӯрхонаӣ сазовор шуданд. Наврўз Арабов дар равияҳои санг ва мили сангин соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар мусобиқаи чархи чаманӣ ва Исмоил Сангов дар каббода гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *