Наврасе аз Восеъ дар Британияи Кабир соҳиби медали тилло шуд

Оминаи Иззатулло 14 сол дошта, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ дар олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle ONLINE”, ки дар Британияи Кабир баргузор гардид, миёни ҳамсолонаш ҷойи аввалро соҳиб гашта, соҳиби медали тилло шуд.

Озмуни мазкур миёни наврасони забондоне, ки забони англисиро хуб медонанд, аз 50 кишвари олам ҳамасола аз ҷониби коллеҷи “Brooke House” баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол дар ин озмун 73 навраси тоҷик иштирок карда, 31 нафар сазовори ҷойҳои ифтихории якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар баробари Омина, Нозанин Шокирова аз Душанбе ва Шукрона Аюбова аз Хуҷанд мақоми аввалро касб намудаанд.

Озмуни мазкур аз 31-уми июл то 7-уми август баргузор гардида, рӯзҳои наздик дастаи олимпии тоҷик ба ватан бо медалҳои худ бармегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *