Дар ноҳияи Дӯстӣ 28 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ месозанд
Ноҳияи Дӯстӣ яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон аст. Дақиқан, на танҳо дар самти кишоварзӣ, балки дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ музаффариятҳои бузурги меҳнатӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия гардида, баҳри зиндагии осудаҳолонаи мардум шароит муҳайё месозанд.
Иҷроиши буҷет
Дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳияи Дӯстӣ таъмин гардида, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардидааст. Яъне ба ҷои 15,3 миллион сомонии нақша ба буҷет 16,0 миллион сомонӣ ворид шуда, аз нақша 727 ҳазору 267 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба буҷети ноҳия ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардидааст. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия мавҷуд нест.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар ноҳия ба ҳолати имрўза ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, дар ин давра маблағи азхудкардашуда 4,6 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра шумораи субъектҳои ҳуқуқию инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва тибқи маълумотҳои нозироти андоз дар ноҳия 246 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 568 соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 380 ҳазору 229 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Аз ҳисоби 2917 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 3 млн 366 ҳазору 996 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.
Соҳаи кишоварзӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 70,4 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 117,4 фоизро ташкил менамояд.
Дар чор моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 13,7 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуда, нисбат ба соли 2022-юм 101,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 42590 сар, аз ҷумла модагов 24350 сар, гўсфанду буз 74791 сар, паранда 61796 сар ва асп ба 886 сар расонида шудааст.
Дар се моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли сабзавот 5253 тонна, гўшт 537 тонна, шир 2872 тонна, тухм 1 млн 295,1 ҳазор дона ва моҳӣ 247 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин дараи соли 2022 сабзавот 104 фоиз, гўшт 102,3 фоиз, шир 104,6 фоиз, тухм 103,3 фоиз ва моҳӣ 247 фоиз зиёд шудааст.
Соҳаи нақлиёт
Аз ҳисоби Дирексияи сохтмонӣ дар давоми се моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2,488 километр роҳҳои маркази ноҳия ба маблағи 3 млн сомонӣ таъмир ва асфалтпӯш гардидааст. Инчунин, 2,8 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба маблағи 76 ҳазор сомонӣ ва як адад пули мошингузар ба маблағи 37 ҳазору 500 сомонӣ аз нав сохта ба истифода дода шудааст.
Рушди маориф
Имрӯз дар 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 15201 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳисоби шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия 894 адад компютер, 167 адад принтер, 25 адад проектор, 30 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 88%-ро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 адад кабинети химия, 4 адад кабинета география, 4 адад кабинети математика, 4 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ ташкил гардидааст. Дар маҷмуъ, дар се моҳи соли 2023-юм 33 адад кабинети фаннӣ, 3 адад озмоишгоҳҳои таълимӣ ба истифода дода шуда, иҷроиши Барнома барои соли ҷорӣ 94,7%-ро ташкил менамояд.
Соҳаи тандурустӣ
Дар соҳаи тандурустӣ 1020 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 116 нафар, миёнаи тиб 394 нафар, хурди тиб 274 нафар ва дигар кормандон 145 нафарро ташкил медиҳанд.
Шуъбаҳои таваллуд ва занона аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд.
Фарҳанг ва иттилоот
Дар ноҳия 28 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 1 клуби деҳотӣ, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи марказӣ, 13 китобхонаи деҳотӣ ва 1 муассисаи санъати бачагона фаъолият доранд.
Дар 15 китобхона 88 ҳазору 686 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 39,1 ҳазор нусха китоб бо забони давлатӣ, 30,8 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 18,9 ҳазор нусха бо забонҳои дигар мебошанд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар 15 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудаанд.
Созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлол
Оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон қарори раиси ноҳияи Дўстӣ аз 26-уми феврали соли 2022, №222 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия» дар ҳайати шаш гурӯҳи корӣ қабул гардида, 181 адад иншооту биноҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
— Бо илҳом аз нуктаҳои ба рушд додани соҳаи саноат марбутбудаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат тасмим гирифтем, ки дар тӯли панҷ сол 28 коргоҳу корхонаи нави саноатиро бо таъсиси 137 ҷойи нави кор бунёд намудаву ба истифода диҳем. Аз ин теъдод то кунун 10 коргоҳу корхона, аз ҷумла корхонаҳои истихроҷи сангу шағал, истеҳсоли равғани растанӣ, қуттиҳои пластикӣ, маводи қаннодӣ, орд, собун, хишти сабук, шолитозакунӣ, пахтатозакунӣ ва дигарҳо ба истифода дода шуданд,- мегӯяд раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ