Бунёди беш аз 70 синфхона дар ноҳияи Хуросон

Феълан дар ноҳияи Хуросон сохтмони беш аз 70 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Баъди ба истифода додани ин синфхонаҳо наздики 1 ҳазору 780 ҳазор ҷойи нишаст ташкил мешавад.

Подшоҳзода Нуринисо, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар соли 2022 дар назди се муассисаи таълимӣ бинои иловагӣ бунёд шудааст. Ӯ мегӯяд, ки баъди сохтмони биноҳои иловагӣ ин се муассиса аз ҳолати садамавӣ пурра бароварда шуданд.

“Дар назди ин муассисаҳои таълимӣ биноҳое сохта шуд, ки аз то даҳ синфхона доштанд. Дар соли 2023 нақшаи сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ зиёд карда шуд. Ҳоло сохтмони 74 синфхона идома дорад. Дар назди се муассисаи таълимӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар ва дастгирии молиявии Бонки исломии рушд бинои иловагӣ сохта мешавад. Мақсади асосии таъмини шароити беҳтар барои хонандагон баланд бардоштани сатҳи дониши онҳост”,- афзуд ӯ.

Подшоҳзода Нуринисо мегӯяд, ки “дар панҷ деҳаи дигар сохтмони муассисаи таълимӣ ба нақша гирифтанӣ ҳастем. Ин ба хотири кӯтоҳ кардани роҳи хонандагон аст”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *