Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозӣ мекунад

Чемпионати чоруми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои то 20-сола, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад, шуруъ гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода нахустбозиашро бо тими миллии Афғонистон мегузаронад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи хабар, мусобиқа аз 21 то 28-уми май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад. Панҷ бозӣ дар варзишгоҳи ССКА-и Душанбе ва панҷ бозии дигар дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и Турсунзода доир мегардад.

Дар назар аст, ки дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар чемпионати ҷавонони CAFA-2023 баромад мекунад. Ҳама бозиҳои дастаи мо дар варзишгоҳи ТАЛКО-Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Гуфта мешавад, ки тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *