104 тоҷикистонӣ аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд

Тибқи дастури Президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми май гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 104 нафар (29 оила) занон, наврасон ва кӯдакони хурдсол иборат аст, бо ҳавопаймои махсус аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳрвандони ба ватан баргаштаро муовини сарвазир Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Ҳамчунин бо дархости ҷониби Қазоқистон низ бо ин парвоз 5 шаҳрванди Қазоқистон (модар ва 4 кӯдак) аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Хотирнишон мекунем, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои гурезаҳои Ироқу Сурия қарор доранд, се сол қабл бо дастури мустақими Президенти кишвар оғоз шуда буд. Дар ин давра Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Сурия дар татбиқи ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *