Роналду

Чаро Роналду аз ҳамдастааш «отписатсия» кард?

Ҳамдастаи Криштиану Роналду дар тими мунтахаби Португалия Силва дар як мусоҳибаи доир ба номзадҳои «Тӯби тиллоӣ» андешаашро баён кард ва ба ин хотир Роналду дар “Инстаграм” аз рӯйхати дӯстони ӯ худро берун кард.

Силва ба журналистон дар мавриди номзадҳои ҳақиқии ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-и имсола чунин гуфт:

— Агар ҳоло «Тӯби тиллоӣ»-ро диҳанд, фикр мекунам арзанда Лео Месси аст, вале баъдан ҷоизасупорӣ сурат гирад ва агар Ҳоланд дар Лигаи чемпионҳо ғолиб ояд, бешубҳа ӯст яке аз номзадҳои асосӣ.

Тибқи иттилои расонаҳо, Роналду ҳамеша худро дар футбол рақами як мешуморад ва дар ҳолати касеро аз ӯ боло гузоштан ниҳоят сахт асабӣ мешавад. Ҳамин аст, ки дар фазои маҷозӣ дигар бо ҳамдастаи худ дӯстӣ намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *