Дар ноҳияи Данғара филиали ДБССТ бунёд мешавад

Имрӯз, 24 май дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

“Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ карда шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ин иншооти нави соҳаи маориф барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, ҳамчунин филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ — электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси лоиҳа дар хобгоҳи муассиса барои 2500 донишҷӯ шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *