Дар Данғара филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад

Дар ноҳияи Данғара филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаи бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара шинос шудаааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали донишгоҳи мазкур иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон аст. Он аз рӯйи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

“Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ — электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд”- иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Ҳамчунин, дар ҳудуди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара бунёди кӯдакистону гармхона низ пешбинӣ шудаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *