Эрон раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва 29 кишвари дигар бекор кард

Эрон ба таври якҷониба раводиди вуруд барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва 29 кишвари дигарро бекор кард.

Тибқи иттилои дастрасгардида, Эрон дар ин иқдоми якҷониба раводиди шаҳрвандони 17 кишвари Осиё, 6 кишвари Африқо, 5 кишвари аврупоӣ ва 5 кишвари дигари Амрикои Лотиниро низ бекор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми ноябри соли равон баъди мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе раисони ҷумҳур ва мақомоти баландпояи ду кишвар як баёнияи муштарак, 18 санад ва ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.

Аз ҷумла дар ин рӯз ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар бораи лағви раводид ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *